Номаи Инҷил
– Илтимос, зеринро хонда бароед:
Ибт 1:1 | Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид. |
Румиён 3:23 | Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд |
Юҳан 8:34 | Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст; |
Худованд моро офарид, лекин мо Ўро намедонем ва ба туфайли табиати гунаҳкорамон аз Ў ҷудо шудаем.Бе Худованд зиндагии мо бемазмун ва бемақсад аст. Оқибати(бадали) гуноҳҳоямон марги ҳам ҷисмонӣ, ҳам рўҳист. Марги рўҳӣ аз Худо ҷудо шуданро мефаҳмонад. Марги ҷисмонӣ бошад, пўсидани тана аст. Агар мо ба туфайли гуноҳҳоямон мурем, аз Худованд абадан ҷудо шуда, ба дўзах маҳкум мешавем. Чӣ хел бояд аз гуноҳҳоямон худамонро халос кунем ва ба Худованд баргардем? Худамонро халос карданамон наметавонем, зеро каси гунаҳкор худашро раҳо карда наметавонад(чуноне каси ғўтидаистода худашро наҷот дода наметавонад) . Дигарон низ моро халос карда наметавонанд, зеро ҳамаамон гунаҳкорем (як каси ғўтидаистода шахси дигари ғўтидаистодаро наҷот дода наметавонад, ҳарду ҳам ба ёрдам мўҳтоҷ аст). Барои аз гуноҳҳоямон халос кардан ба шахси бегуноҳ(нағўтида) мўҳтоҷем.Фақат каси бегуноҳ моро халос карда метавонад. Дар дунёе ки ҳама гунаҳкор аст, чӣ хел бояд каси бегуноҳро пайдо намуд?
Румиён 6:23 | Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ. |
Юҳан 3:16 | «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. |
Матто 1:23 | «Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо». |
Юҳанно 8:23 | Ба онҳо гуфт: «Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло; шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам; |
Марқус 1:11 | Ва овозе аз осмон даррасид: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ, ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст». |
Юҳан 8:36 | «Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд; |
Юҳан 3:3 | Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростй, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад». |
Юҳанно 1:12 | Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, кудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд: |
Худои моро офарида ва беҳад дўстдошта ба мо роҳи наҷот додааст. Ба туфайли муҳаббати беҳади Ў нисбати мо, Ў Писари Худро, Исоро барои қурбон шудан туфайли гуноҳҳои мо фиристодааст. Исо бегуноҳ аст, чунки Ў аз ин дунё нест ва дар замин аз болои васвасаи шайтон ғолиб омад. Ҳаёти ў ба Соҳиби дар Осмонбудаамон маъқул омад. Исо аз гуноҳҳоямон фориғ кард ва туфайли гуноҳҳоямон ба салиб мехкўб шуда, қурбон гашт. У халоскори ҳаёти мост (Исо барои наҷот додани мо қодир гашт, зеро ў намеғўтид). Мақсади Исо аз қурбон шудан дар салиб пардохтани бадал барои гуноҳҳоямон ва ҳам халос кардан аз гуноҳҳоямон ва барқарор кардани муносибатҳои кандашудаи байни мо ва Худованд буд. Мо аз фавти рўҳӣ (аз Худованд ҷудо шудан) бо қудрати Худованд аз нав зинда мешавем. Ин муносибати нав тавлиди нав номида мешавад. Ин моро ба офариниш ва мақсади мавҷудиятамон бозмегардонад ва ба мо мазмун ва мақсади асли ҳаётро инъом мекунад.
Юҳан 11:25 | Исо ба вай гуфт: «Ман киёмат ва ҳает ҳастам; ҳар кй ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд; |
Румиён 6:9 | Зеро медонем, ки чун Масеҳ аз мурдагон эҳьё шуд, дигар намемирад: мамот дигар бар Ӯ қудрат надорад, |
Аъмоли 2:24 | «Вале Худо завлонаи маргро шикаста, Ӯро эҳьё кард, зеро ғайриимкон буд, ки марг Ӯро дар қайдаш нигоҳ дорад. |
Румиён 14:9 | Зеро Масеҳ барои он мурд ва аз нав зинда шуд, ки ҳам бар мурдагон ва ҳам бар зиндагон Худованд бошад. |
Аъмоли 1:11 | Ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргапхг». |
Далели дар само барои гуноҳҳоямон қурбон шудани Исоро қабул кардани Худованд чист? Далели ин Исоро аз мурдаҳо зинда кардани Худо аст. Ба воситаи аз мурдаҳо зинда кардани Исо аз болои марг ғалаба кардани Исо исбот шудааст. (ёки, ба лафзи дигар, марг ба Ў ҳукми худро гузаронида наметавонад) ва Акнун, барои ҳамин, Исо барҳаёт, мо ҳам бо Ў абадан зиндагӣ карданамон мумкин. Ҳаёти ў дар қалбамон ба мо ҳаёт мебахшад. Ба ғайр аз ин, ба сабаби аз мурдаҳо зинда шудани Ў, имрўз абадан зинда аст.
Юҳан 5:24 | «Ба ростй, ба ростй ба шумо мегӯям: ҳар кй каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварй намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст. |
Юҳан 10:9 | «Ман дар хастам: ҳар кӣ ба василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад, ва ба дарун ва берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад. |
Юҳан 14:6 | Исо ба вай гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман; |
Юҳан 8:24 | «Аз ин сабаб ба щумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои ҳуд хоҳед мурд». |
Аъмоли 4:12 | «Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем». |
Румиён 10:13 | Зеро “ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт”. |
Румиён 10:11 | Зеро Навиштаҳо мегӯяд: “Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд”. |
Румиён 2:11 | Зеро ки Худо рӯйбинӣ надорад. |
Румиён 3:22 | Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳа.маи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест, |
Румиён 10:9 | Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, наҷот хоҳӣ ёфт; |
Гуноҳҳоямонро чӣ хел бишўем ва мо ба ин ҳаёти нав чӣ хел соҳиб гардем, Ба Исо чун ба Раббӣ ва Наҷоткорамон имон биёрем ва гуноҳҳоямон омурзида шавад ва ба ҳаёти нав соҳиб шавем. Агар аз роҳҳои гунаҳкор тавба карда рў гардонем ва ба Исо барои наҷот ва омурзиш муроҷиат кунем, Ў ба ин қодир аст. Исо Писари Худост, ки ба ин дунё барои қурбоншавӣ баҳри гуноҳҳоямон омадааст. Гуноҳҳои ҳар як одаме, ки дар рўи олам ба Ў эътиқод кардааст, ба туфайли номи Ў дар назди Худо бахшида мешавад, аз гуноҳҳояш(ва дўзах) Худо халос мешавад ҳам бо Худо ба ҳаёти нав соҳиб мешавад. Худо тарафкашӣ надорад. Ў сарфи назар аз мамлакати мо зиндагӣ мекарда, забони мо, камбағалӣ ё дороиамон, марду заниамон, ҷавон ёки пириамон ёки ҳар намуди тафовути ҷисмониамон тағйирнопазир аст. Ҳар як одами ба Исо имон оварда ва Исоро эътироф карда наҷот меёбад. Агар хоҳед, ки ба Исо пайравӣ кунед, ба тарзи зерин ибодат кунед:
Эй Худои самовӣ, барои наҷот ёфтани ман ва соҳибӣ кардани ҳаёти нави аз само инъомшуда баҳри гуноҳҳоям Писари ягонаи Худатро барои қурбоншавӣ фиристоданат миннатдорамАз роҳҳои гуноҳ тавба карда бозмегардам ва барои гуноҳҳоям омурзиш мепурсам.Ман ба Исо эътиқод мекунам ва Раббиву Наҷоткорам медонам. Дар ин ҳаёти нави худат инъом карда барои ба тарзи ба Ту мақбул зиндагӣ кардан ёрдам деҳ ва роҳ нишон деҳ.Омин.
Агар шумо ин ибодатро кунед, аз Худо калисои шумо рафтанатон мумкин бударо пурсед. Ҳангоми ибодат ба Худо мунтазам сухан кунед ва Худованд ба шумо ҷавоб хоҳад дод. Овози Худоро шунавед. Худо ба Шумо роҳ нишон хоҳад дод. Ў шуморо дўст медорад ва ба шумо ғамхорӣ мекунад. Шумо метавонед пурра ба Ў эътимод кунед. Ў ҳеҷ вақт ба Ў бовар намудаҳоро беътибор намемонад. Худо Худои некист. Ба Ў метавон пурра эътимод намуд. Шумо бо тамоми ҳаётатон ба Ў эътимод карда метавонед. Дар назди Ў аз тамоми мўҳтоҷиатон маълум кунед. Ў ба шумо ғамхорӣ мекунад ва марҳамат мекунад. Худованд “Шуморо тарк намекунам, шуморо партофта намеравам” гуфтааст. Ба Худо бовар кунед. Тавассути Исо ба шумо марҳамат кунад.
Аз китоби Юҳанно сар карда инҷилро мунтазам мутолиа кунед. Барои зиёдтар аз манбаҳои интернет истифода кардан ана ин ишораро зер кунед.